4 нафар донишҷӯи ДДХ-гирандаи стипендияи президентӣ

Сентябрь 29, 2014 16:08

 
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар донишҷӯёни макотиби олии мамлакат ба 4 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2014-2015 стипендияи номии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Андозаи ин идрорпулӣ дар як моҳ дар ҳаҷми 630  сомонӣ муайян гардидааст, ки дар як вақт дода мешавад.
Тавре ки сардори Раёсати таълими донишгоҳ  Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод, инҳо донишҷӯён Тахмина Зоҳидова, донишҷӯи курси 3-юми факултаи физикаю техника,  Мафтуна Салимова,  донишҷӯи курси 3-юми факултаи математика,  Зарринахон Юсуфҷонова,  донишҷӯи курси 3-юми факултаи филология ва Меҳрона Зиёева, донишҷӯи курси 3-юми факултаи филологияи тоҷик мебошанд, ки аз миёни 10 нафар донишҷӯе, ки дар озмун иштирок кардаанд, интихоб шуданд, 
Ин манбаъ зикр намуд, ки талаботи комиссияи озмун нисбат ба солҳои гузашта хеле  ҷиддӣ буда, ба озмун танҳо он нафароне, ки пурра баҳои аъло дошта, соҳиби якчанд мақолаи илмӣ буда, иштирокчии олимпиадаҳо ва фаъоли корҳои тарбиявию фарҳангӣ ва ҷамъиятианд, роҳ дода шуданд.  
 

Сентябрь 29, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад