4260 нафар ба ДДХ қабул шуд
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар соли хониши 2014-2015 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти дуюм, идомаи таҳсил ва магистратура маҷмӯан 4260 нафар қабул гардид. Дар ин бора котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ дотсент Насим Ҳамроҳбоев иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар рейтинги интихоби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ то 30-юми апрели соли 2014 бо миқдори 37180 нафар ҷои 3-юмро ишғол намуд. Тибқи нақшаи қабули соли хониши 2014-2015 барои донишгоҳ 2917 ҷой барои курсҳои 1-ум ҷудо шуда буд, аз ҷумла 2332 ҷой барои шуъбаи рӯзона ва 585 ҷой барои шуъбаи ғоибона муайян шуда буд. Мувофиқи натиҷаи ҷамъбасти комиссияи қабул танҳо ба курси якум 88,8%-ро ташкил медиҳад, яъне 2 ҳазору 591 нафар ба курси якум (дар ду давра) аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ қабул шуд. Яъне, ба шуъбаи рӯзона 2050 нафар, ба шуъбаи ғоибона 541 нафар. Ҳамзамон 209 нафар тибқи квотаи президентӣ, 25 нафар дар асоси созишномаҳои байнидавлатии ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон дар маҷмӯъ 227 нафар дигар қабул шуд, ҳамагӣ 2 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба нақшаи қабул 96,8%-ро ташкил медиҳад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






