Афзоиши пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ

Сентябрь 15, 2014 15:04

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар ҳашт моҳи соли 2014  пардохти нафақа ва кумакпулиҳои  иҷтимоӣ дар ҳаҷми  1211,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ  шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
 Тавре ки аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати   солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо дар ҳашт моҳи соли 2014 ба маблағи 5,8 млн.сомонӣ  гузаронида шудааст. 
Ҳамчунин дар ин давра ҷиҳати маблағгузории самтҳои сиёсати шуғл ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 7,6 млн сомонӣ гузаронида шуд. 
Дар ин давра пардохти нафақаи 266 ҳазору  725 нафар ё 43,3 фоизи теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 65,8 млн.сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки то охири соли равон  пардохти нафақаҳои боз 109 ҳазору 841 нафар нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Файзобод, Айнӣ, Фархор, Шуғнон ва Муъминобод бо талаботи моҳонаи 11,6 млн.сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда мешаванд.
Бинобар ба иттилои манбаъ  шумораи умумии нафақагирон то ҳолати 1 сентябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 616 ҳазору 528 нафарро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 13017 нафар афзоиш ёфтааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 228,46 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,92 сомонӣ зиёд мебошад. 
 
 

Сентябрь 15, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад