Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов

Сентябрь 1, 2014 09:40

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то Шумо ва тамоми мардуми ӯзбекро бо ин санаи муҳим табрик намоям.
Барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд.
Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд, мебошем.
Бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, мо ният дорем тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи   муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созем. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои  мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад.
Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Ислом Абдуғаниевичи муҳтарам, саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои навро ба манфиати таҳкими муносиботи дуҷонибаамон таманно намуда, ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон-сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».    
 

Сентябрь 1, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад