Болопўшҳои барқтавлидкунанда заруранд

Сентябрь 17, 2014 09:46

 
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Назири Назир).-Чанд муддат аст, ки дар болои бомҳои хонаҳои баландошёна ғайримақсаднок васл намудани мавҷгирҳои моҳворавӣ, таҷҳизоти хунуккунӣ (кондитсионерҳо) ва мавҷгирҳои мобилии қабулкунанда ва содиркунанда ғайриқонунӣ   ба мушоҳида мерасад.   
    Дар давлатҳои  тараққикарда бомҳоро барои истифодаи  болопӯшҳои барқтавлидкунанда истифода мебаранд. Дар шаҳри Душанбе стансияҳои барқи офтобӣ (болопӯшҳои барқтавлидкунанда)-ро  дар ҳудуди беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ, таваллудхонаи №1, назди  боғи «Дӯстии халқҳо» истифода бурда истодаанд. Аз сабаби  гарон будани  нархи болопӯшҳо ва таҷҳизи онҳо  хоҷагиҳои шахсӣ наметавонанд чунин болопўшҳои барқтавлидкунандаро истифода баранд. Ин болопӯшҳо асосан аз давлати Чин   ворид мегарданд.
Экологҳои ҷумҳурӣ истифодаи батареяҳои офтобиро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд, зеро он барои истеҳсоли барқ ҳамчун сузӣшворӣ истифода намешавад ва ҳавои атмосфераро ифлос намекунад. Дар ҷумҳурии мо 300 рӯзи офтобӣ мавҷуд буда ва истифодаи батареяи офтобӣ манфиатнок мебошад.
 
 

Сентябрь 17, 2014 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад