Боздиди Чин Бай Чунли аз Академияи илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2014 17:11

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар»). -Ҳафтаи сипаригардида дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Бай Чунли ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Зимни ҷаласа дар академия президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ба Бай Чунли дипломи узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Бай Чунли, узви пайвастаи Академияи илмҳои Чин, мутахассиси варзида дар соҳаи химия мебошад ва соҳиб шудани дипломи узвияти хориҷии АИ ҶТ-ро низ барои худ ганҷи пуршараф арзёбӣ намуд. Ӯ ҳадафи сафари худ ба АИ ҶТ-ро бо мақсади боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани муносибатҳои илмӣ-истеҳсолии Тоҷикистону Чин маънидод намуд.
Фарҳод Раҳимӣ ҳамроҳ бо Бай Чунли ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология рафта, аз фаъолияти институти мазкур, дастовардҳои олимон ва сангҳову намунаи канданиҳои фоиданоку маъданҳои кишвар дидан карданд. 
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, ҳамроҳ бо президенти Академияи илмҳои Чин Бай Чунли аз Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  яке аз марказҳои АИ ҶТ, воқеъ дар Кондараи ноҳияи Варзоб, ки барои санҷиши боду ҳаво, намнокии хок, муайян намудани таркиби хок мусоидат мекунад, дидан карданд. 
Ҷонибҳо дар бораи таъсис додани «Маркази экологӣ ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин» дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома ба имзо расониданд.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 
 

Сентябрь 16, 2014 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад