Британияи Кабир ва Олмон хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистонанд

Сентябрь 29, 2014 12:21

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти вазири  саноат  ва технологияҳои  нав  Шавкат  Бобозода бо  коршиноси  Раёсати рушди  байналмилалии  Британияи  Кабир  Майкл  Биддисон  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз  хадамоти  матбуоти Вазорати  саноат  ва  технологияҳои  нави  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ҷонибҳо  дурнамои  ҳамкорӣ  дар бахшҳои  саноати  сабук,  саноати  маъдан ва соҳаи  кишоварзиро мавриди  муҳокима  қарор  дода,  ба  ҷиҳатҳои  дигари  ҳамкории  дуҷониба  дахл  намуданд. 
Дар  анҷоми  мулоқот тасмим  гирифта шуд, ки  имконоти   рушди ҳамкорӣ дар   бахшҳои  мухталиф   мавриди  омӯзишу таҳқиқ қарор  дода шавад. 
Шавкат  Бобозода  ҳамчунин  бо  намояндаи Бонки  давлатии  рушду таҷдиди  Олмон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Кристин  Лаабс  мулоқот  анҷом  дод. 
Дар  ҷараёни  мулоқот  масоили  маблағгузории  лоиҳаҳои   асосӣ  дар  бахшҳои  зикршуда  баррасӣ  шуданд. 

Сентябрь 29, 2014 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад