Чину Арманистон бо Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ мекунанд

Сентябрь 24, 2014 14:53

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – 23  сентябр  дар  шаҳри  Душанбе Форуми дурӯзаи  миллӣ  бо  иштироки  ҳайатҳои  хориҷӣ  дар  мавзӯи «Рӯйи  кор  овардани  усулҳои  нави  маблағғузории  нигаҳдории  тандурустӣ» ба  кораш  шурӯъ кард. Ин  чорабинӣ  бо  ибтикори Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ҳошияи лоиҳаи «Такмили хидматрасонии нигаҳдории  тандурустӣ», ки  бо  дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ дар  амал  татбиқ  мешавад,  роҳандозӣ  шудааст.
Мақсади  асосии  форум  иборат аз  тарҳрезии  усулҳои  нави  татбиқи  механизмҳои   маблағғузорӣ ба  низоми   нигаҳдории  тандурустӣ  мебошад. 
Дар  форум  вазири  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Нусратулло  Салимзода,  мудири  шуъбаи  тандурустӣ в а  рушди  иҷтимоии Дастгоҳи  Президенти  ҶТ  Гулҷаҳон  Туманова, роҳбари  Намояндагии  Бонки  умумиҷаҳонӣ  дар  ҶТ  Патрисия  Виверс – Картер суханронӣ  карданд. 
Дар  форум  беш  аз 100 нафар  намояндагон  аз ҷумлаи  роҳбарони  муассисаҳои тиббии  ҳамаи  вилоятҳо  ва шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ ширкат  доранд.
Иштирокдорони  форум  таҷрибаи  ҷаҳонӣ,  аз  ҷумла  таҷрибаи  Чину  Арманистон дар  амри  истифодаи   усулҳои  мухталифи  маблағгузорӣ ба ёрии аввалияи  тиббию  санитарӣ ва  ғайраро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.

Сентябрь 24, 2014 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад