Эҳтироми Си Ҷинпин ба таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон

Сентябрь 13, 2014 09:40

Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз, 13 сентябр сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр ба Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба нишони эҳтироми таъриху фарҳанги қадима ва пурғановати мардуми тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори давлати бузурги тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Пас аз маросими гулгузорӣ сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин садо доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди маросими гулгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Чумхурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар назди Қасри Миллат расман истиқбол гирифт.

Сентябрь 13, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад