Эътибори ҷиддии маориф ба рушди шахсият
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илми кишвар маҳсуб меёбад»,-гуфт имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш бахшида ба Рӯзи дониш.
Барои расидан ба ин ҳадаф сатҳи касбии муаллимон ва тарбиятдиҳандагон дар ҳамаи бахшҳои низоми маорифи мамлакат бояд ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ бошад, яъне муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ ба сатҳи байналмилалӣ расонида шаванд, то ки дастпарварони муассисаҳои таълимӣ дар асри иттилоотиву иртиботӣ қобилияти баланди рақобат дошта бошанд.
«Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд»,-таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Соҳаи маориф дар марҳалаи муосири инкишофи инсоният ба яке аз соҳаҳои муҳиму ҳалкунандаи ҳаёт мубаддал гардидааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи самтҳои он баробар рушд ёбанд. Алалхусус, дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷамъиятӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ торафт вусъат мегиранд, масъалаи тарбия ва инкишофи ҳамаҷонибаи инсон беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад.
Вобаста ба ин, соҳаи маорифи кишвар бояд на танҳо ба тайёр намудани қувваи корӣ, инчунин ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






