Форуми ихтироъкорон: «Аз ихтироъ ба инноватсия»

Сентябрь 24, 2014 10:00

 
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми ихтироъкорони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Аз ихтироъ ба  инноватсия» баргузор мегардад.
     Мақсади асосии Форум, ки 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар самти анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир, таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани татбиқи амалӣ ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, баррасии масъалаҳои соҳа ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад. 
     Дар Форум намоишгоҳи ихтироот манзури иштирокчиёни чорабинӣ хоҳад гашт, ки ба он аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» «Патент» ба ихтироъ дода шудааст, инчунин он ихтироъҳое, ки имрўз дар амал татбиқ гардидаанд. 
 
 

Сентябрь 24, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад