«Фурӯғ» ба фаъолият пардохт
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими фаъолсозии студияи таълимии телевизионии «Фурӯғ» — и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд.
Абдураҳмон Қодирӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти студияи телевизионӣ ҳусни оғоз бахшида, дар хитоб ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ аз васоити техникии муосир самаранок истифода баранд.
Студияи телевизионӣ бо маблағи наздик ба 60 ҳазор сомонӣ таъсис ёфта, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст.
Сипас раиси вилоят дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд донишҷӯёну устодонро бо фарорасии Рӯзи дониш табрик гуфта, изҳор дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз бонуфузтарин боргоҳи таълимии вилоят маҳсуб ёфта, шумораи донишҷӯёни он аз 26 нафари соли 1932 ба 13 000 нафар расидааст. Танҳо дар соли хониши 2013 -2014 ин донишгоҳро 513 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ нақши назарраси худро мегузоранд.
Имсол аз тариқи низоми тестӣ наздик ба 2500 нафар ба донишгоҳ дохил шудаанд, ки аз ин 1156 нафар аз тариқи буҷет ва 1317 нафар шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон таъкид шуд, ки имсол маоши устодон 20 фоиз афзун гардидааст.
Раиси вилоят дар баробари пешравиҳои назаррас ҳамчунин аз камбудиҳо низ ёдовар шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки норасоии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар баъзе аз шаҳру навоҳӣ масъулинро водор мекунад, то бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






