Ид болои ид: санаи иди Қурбон муайян шуд

Сентябрь 25, 2014 16:13

 
Душанбе, 25.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Иди саиди Қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2014 таҷлил шуда, дар иртибот ба ин  дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 7:00 субҳ намози иди Қурбон баргузор мегардад. Дар ин хусус 25 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои уламо Маркази исломии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳузури  аъзои Шӯрои уламои кишвар, сархатибони масҷидҳои марказии навоҳии тобеи марказ ва имомхатибони шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори марбута қабул гардид. 
          Аз Шӯрои уламои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки     санаи таҷлили иди саиди Қурбон тибқи ҳисоби илмӣ ва ҳисоби эҳҷаздабуд мушаххас шудааст. Дар ҷаласа аз имомхатибон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи иди саиди Қурбон дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумак ба ятимону барҷомондагон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа ҷалб намоянд. Ҳамзамон масъалаи сарфаю сариштакориро риоя намуда, дар мавриди оростани дастархони пурнозу неъмати идона, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба мусобиқа табдил гардидааст, худдорӣ намуда, худи рӯҳониён ва ходимони дин бояд ба мардум дар ин масъала намунаи ибрат бошанд.
     Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи супоридани ҳаққи узвияти масҷидҳои ҷомеи кишвар аз ҳисоби иди Қурбон ба хазинаи Маркази исломӣ, ки 600 сомониро ташкил медиҳад, матраҳ гардид.

Бояд зикр кард, ки иди саиди Қурбон соли равон дар санае таҷлил мешавад, ки дар ин рӯз, яъне 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.  
 

 

Сентябрь 25, 2014 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад