Истеъмоли нӯшокиҳои сард сабаби бемории зойирин

Сентябрь 26, 2014 15:22

  Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-  Ҳамаи ҳоҷиёне, ки аз Тоҷикистон ба Мадинаи мунаввара сафар карда буданд, баъди чанд рӯзи боқӣ мондан дар он ҷо ва адои намоз дар Масҷиди набавӣ ба Маккаи мукаррама расиданд. 
Афшини Муқим, сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин аз тариқи телефон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар Маккаи мукаррама 3 меҳмонхонаи муҷаҳҳаз бо тамоми шароити будубош дар ихтиёри зоирони мо қарор дорад.  Барои босифат ва мутобиқи талаботи зоирин омода намудани таомҳои миллӣ аз Тоҷикистон чанд нафар ошпазҳо низ ба Маккаи мукаррама сафарбар гардидаанд. 
Барои интиқоли ҳоҷиён аз меҳмонхона то Масҷидулҳаром, ки масофаи тақрибан 4 километрро ташкил медиҳад,  беш аз 20 автобус   шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд, то зоирини мо тавонанд намозҳои худро дар Масҷидулҳаром адо намоянд. 
Аввалин иқдоме, ки дар мавсими ҳаҷи ҷорӣ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани шароити будубоши зоирин амалӣ гардид, ин ташкили ошхонаҳо дар ҳар як меҳмонхона мебошад. Ин таҷриба дар солҳои гузашта танҳо дар шаҳри Мадина амалӣ мегашт.
Чунончи қаблан иттилоъ дода будем, бемории ду   сокини шаҳри Исфара Аҳад Аюбови 78 сола ва Тухсан Давронови 64 сола дар Мадинаи мунаввара хуруҷ кард. Ба гуфтаи Афшини Муқим баъди муолиҷа дар беморхонаи «Уҳуд» вазъи саломатии Тухсан Давронов хеле беҳтар гардидааст. Аммо Аҳад Аюбов, ки қаблан аз бемории сактаи қалб ранҷ мебурд, бо дархост ва ризоияти наздиконаш шоми 23-юми сентябр тавассути ҳавопаймо ба Ватан фиристода шуд. 
Мувофиқи ҳисоботи табибон ҳамарӯза ба нуқтаҳои тиббӣ, ки дар ҳар як меҳмонхона ташкил шудаанд, то 100 нафар муроҷиат менамояд.  Ба қавли табибон сабаби асосии бемориҳо истеъмоли нӯшокиҳои сард дар ҳавои гарми Арабистон мебошад. 
Дар баробари расидан ба Маккаи мукаррама зоирони тоҷик аркон ва маносики ҳаҷҷи умраро адо намуда, бо ҷойҳои муқаддаси ин сарзамин ошно гардида истодаанд.  
То имрӯз тақрибан 80%-и зоирини тоҷик ба Маккаи мукаррама расиданд ва қисмати дигар то 28-уми сентябри соли ҷорӣ аз самти Душанбе ба самти шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сафарбар мешаванд. 
 
 

Сентябрь 26, 2014 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд