Кӯлоб: Омодагӣ ба ҷашни Истиқлол

Сентябрь 4, 2014 11:33

 Кӯлоб, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи он ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тандурустӣ барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро вусъат мебахшанд. Кормандони ин муассисаҳо ба ҳашар баромада, дар тозаю озода намудани муҳити зист саҳм мегузоранд. 
Дар давоми як моҳи охир кормандони боғи Исмоили Сомонӣ бо маблағгузории ҳокимияти давлатӣ саҳнаи амфитеатр ва нишастгоҳҳои онро, ки барои  10 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст, аз таъмир бароварда, барои гузаронидани маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ ва фароғатӣ омода намуданд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар атрофи амфитеатр гулҳои муаттару дарахтон ва буттаҳои ҳамешасабзро парвариш мекунанд. Роҳбарияти боғи мазкур мушкили таъмини оби нӯшокиро ҳал кардаанд, ки ин ба сабзиши ниҳолу гул ва хуррамии боғ мусоидат мекунад. Инчунин соли ҷорӣ беш аз 40 адад нишастгоҳ сохта шуд, ки сокинон метавонанд аз он истифода баранд. То рӯзи ҷашн дар роҳрав ва хиёбону гулгаштҳои боғ шиору овезаҳо насб мешаванд.  
 

Сентябрь 4, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад