Конфронси байналмилалии ҳифзи мероси шифоҳӣ
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори Маркази мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором зери сарпарастии ЮНЕСКО ва Институти байналмилалии пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд дар мавзӯи «Ҳифзи муҳимияти мероси ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ: анъанаҳои шифоҳӣ ва эпос (достонҳо, қиссаҳо)» конфронси 5-уми Минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар конфронс намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Муғулистон ва Корея ширкат доштанд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Тоҷикистон сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Бурҳон Сайфиддинов дар мавзӯи «Вазъ ва чораҳои ҳифзи мероси шифоҳии мардумӣ ва эпос дар Тоҷикистон» ва омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Ҳоҷибоева дар мавзӯи «Ривоятҳои эпикӣ дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд, ки фарогири масъалаҳои анъанаҳои шифоҳӣ ва эпос (достонҳо, қиссаҳо), хусусият ва аҳамияти суннатҳои шифоҳӣ-эпикӣ, чораҳои ҳифзи анъанаҳои мероси шифоҳии халқ буданд.
Дар ҷараёни кори конфронс иштирокчиён ба хона-музейи ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, шашмақомшинос Юнус Раҷабӣ ва маркази таълимии кулолгарӣ шинос шуданд. Иштирокчиёни конфронс ба хулоса омаданд, ки эҷодиёти шифоҳии ягонаи ҳамаи халқҳои маскуни Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ ба номгӯйҳои ЮНЕСКО пешниҳод шавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






