Конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд

Сентябрь 26, 2014 10:13

Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз 26 сентябр бо ташаббуси Ассотсиатсияи  ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ва Бонки Эсхата дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсӣ VIII-мин Конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд таҳти унвони «Маблағгузории хурд дар Тоҷикистон: дастрасии молиявӣ дар мувозина бо ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» баргузор гардид. 
Дар он намояндагони АТМХТ, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ, Бонки Эсхата, коршиносони ин соҳа, шарикони байналхалқӣ ва намояндагони ВАО ширкат доранд. 
Мақсад аз баргузории конфронс ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон мебошад. 
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён оид ба дастовардҳои  ин соҳа маърӯза хоҳанд кард. 
Дар назар аст, ки дар ҷараёни конфронс байни Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ва Бонки Эсхата ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад.
Кори конфронс то бегоҳ идома хоҳад ёфт. 

Сентябрь 26, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад