Курси омӯзишӣ барои безараргардонии асбобҳои тарканда

Сентябрь 29, 2014 12:20

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  курси  даҳрӯзаи   омӯзишии   минтақавӣ  барои  безараргардонии  асбобҳои тарканда  анҷом  ёфт. Дар  ин  бора  аз  дафтари   Созмони  амнияту  ҳамкорӣ дар  Аврупо  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
Дар  чорабинии  мазкур, ки бо  ибтикори  дафтари  САҲА  дар  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуда буд, 20  нафар   омӯзандагони Тоҷикистону  Афғонистон  иштирок  доштанд. 
Ёдовар  мешавем, ки  омӯзандагони  курси омӯзишӣ  баъди  анҷоми  барнома шаҳодатномаҳои  махсус  ба даст  меоранд.
Созмони  амнияту  ҳамкорӣ дар  Аврупо  сар  аз  соли  2009  барои  тарҳрезии  усулҳои  ҳамкории  байни  давлатҳои Осиёи  Марказӣ  ва  Афғонистон ҷиҳати  ҳалли  масоили  марбут ба  асбобҳои тарканда  ёрии  техникӣ  мерасонад. 

Сентябрь 29, 2014 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад