Маҳфили адабии Зулфия

Сентябрь 19, 2014 14:35

Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Пагоҳ, 20-уми сентябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ғончӣ маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон  Зулфия Атоӣ доир мегардад.
Дар маҳфил маҷмӯаҳои ашъори адиби маъруфи кишвар Зулфия Атоӣ пешкаши дӯстдорони шеър гардонида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Зулфия Атоӣ 15- уми июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, хатмкардаи Институти адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав  мебошад.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Ҷиҳоз», «Дидор», «Меваи сабр», «Духтари дарё», «Ишқи як зан», «Зан агар ошиқ шавад», «Зулфи парешон» ва ғайра буда, шеърҳои ӯ бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, туркманӣ, руминӣ, украинӣ тарҷума ва интишор гардидаанд. 
Гуфта мешавад, ки Зулфия Атоӣ дорандаи ордени «Шараф», ордени «Дили Данко» (Русия), ҷоизаи адабии «Парвини Эътисомӣ» ва барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ буда, соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Шоири халқии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Сентябрь 19, 2014 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад