Мулоқоти ошкорои Азим Иброҳим бо сокинони водии Бартанг

Сентябрь 29, 2014 12:23

Душанбе, 29.09.2014. АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷараёни сафари кории хеш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 23 то 25 сентябр ҷараён дошт, дар водии Бартанг бо сокинони ин минтақа мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод. Дар ин мулоқот паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии хоҷагии халқ мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки роҳ аз Рўшон то ҷамоати Супунҷ ва баъдан то ҷамоати Басит дар ҳолати нисбатан хуб қарор дорад. Дар баъзе аз қисматҳои роҳи зикргардида ба роҳбари муассисаи давлатии назорат ва нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи Рўшон супориш дода шуд, ки сатҳи роҳ нисбат ба канори дарёи Бартанг 1 метр боло бардошта шавад. Ҳамчунин ба Ҳадамоти алоқа супориш дода шуд, ки ба ширкатҳои мобилии “Индиго” ва “Мегафон” супориш диҳад, ки як зеристгоҳи мавҷ интиқолдиҳандаашонро вобаста аз ҷойгиршавии маҳалҳои ин водӣ васлу насб намоянд, то сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар аз хизматрасонии алоқа бархурдор гарданд. 
Бо сокинони ин маҳал суҳбат дар атрофи кушодани коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш, васеътар намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои тиҷорати хурду миёна, кушодани нуқтаи хизматрасонии интиқоли маблағҳо, таъмини водии Бартанг бо духтури акушер- гинеколог, кушодани Гурўҳҳои хурд дар мактабҳои миёна барои фаҳмонидани  қоидаҳои тиҷорат дар доираи барномаҳои таълимӣ ва ғайраҳо сурат гирифт.  
 

Сентябрь 29, 2014 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад