Мулоқоти Ш. Зуҳуров бо А. Абдулло
Душанбе, 30.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доктор Абдулло Абдуллоро ҷиҳати таъйин гардиданаш ба мақоми Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз номи худ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон табрик намуда ба ӯ комёбиҳо орзу кард.
Зимни мулоқоти Ш. Зуҳуров бо А. Абдулло, ки 29 сентябр дар Кобул доир гардид, тақвияти равобити ду кишвари ҳамҷавор дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ, энергетика, коммуникатсия, фарҳанг матраҳ гардиданд.
Ш. Зуҳуров таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллиро барои мардуми афғон дастоварди бузурги миллати сарбаланди ин кишвар номида, гуфт, ки Шумо дар ин мақоми олӣ бо садоқату фидокорӣ фаъолияти пурсамар хоҳед кард. Ман мутмаинам, ки фаъолияти Шумо ба рушди муносиботи дӯстонаи мо такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афгонистон ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари кишвари мо ҳамеша дар баромадхои худ густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Афғонистон пайваста таъкид менамоянд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки барои таҳкими равобити Душанбе ва Кобул дар бахши тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд ва тавсеаи онҳо боиси афзун намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ҳар ду кишвар хоҳад гашт.
Мусоҳибон ҳамзамон аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити парлумонӣ, иктисодию тиҷоратиро меҳвари густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуданд.
Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барои ташрифи ҳайати баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори сипос намуда, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои азизу самимие номид, ки дарвозаҳояш ҳамеша барои Афғонистон боз аст, зеро Тоҷикистон,- изҳор дошт Абдулло Абдулло,- ягона кишварест, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои вазнину душвор дар паҳлӯи мардуми Афғонистон буд. Мо инро пос медорем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Мавсуф афзуд, ки Ҳукумати ваҳдати миллӣ доимо омода аст бо Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад. Равобити мо бояд ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар шакли густурда тақвият ёбанд ва ҷониби Афғонистон ҳамеша алоқаманди густариш ёфтани муносиботи гуногунсоҳаи худ бо Тоҷикистон аст. Мо ҳамаи он Созишнома ва қарордодҳоеро, ки дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат бо ҷониби Тоҷикистон ба имзо расонидаем, иҷро хоҳем кард. — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






