Мусодираи героин аз сумкаи варзишӣ

Сентябрь 19, 2014 11:21

Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Зимни  гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Қарабоеви пойтахт ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир капитани милитсия Раҷабов Ҷамолиддин Саидбурҳонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва лейтенанти калони милитсия Ғаюров Далер Аномуддинович, соли таваллудаш 1988,  нозири шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии баталёни Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карданд. 
Ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Тайота-Кемри», рақами давлатиаш 90-35 ВМ 01 РТ, ки Ҷ.Раҷабов идора мекард, аз дохили бағоҷи он сумкаи варзишӣ бо  бастаҳои селофанӣ дарёфт гардид. дар дохили бастаҳо  тақрибан 17 килограмм маводи нашъадори навъи героин  дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Сентябрь 19, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад