Натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ

Сентябрь 25, 2014 17:16

Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – 24  сентябр дар  шаҳри  Душанбе мизи  мудаввар  дар  мавзӯи «Натоиҷи раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар Созмони ҳамкории  Шанхай  аз  соли  2013 то  соли  2014»  баргузор  гардид. Дар  ин  бора  аз Вазорати  корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Дар  кори  мизи  мудаввар кормандони вазорату  идораҳои  ҷумҳурӣ,  намояндагиҳои  дипломатии  хориҷии  муқими Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҳамчунин созмонҳои  ҷаҳонӣ ва  васоити  ахбори оммаи дохилию  хориҷӣ  ширкат  доштанд.
Кори  мизи  мудавварро  муовини  вазири   корҳои  хориҷӣ  Парвиз  Давлатзода  ҳусни  ифтитоҳ  бахшида, ба  ҳозирон  аз натоиҷи  раёсати  Тоҷикистон  дар  СҲШ  хабар  дода,  ҳамтоёни  худ,  мушорикони  аъзои СҲШ  ва  ашхоси  дигари  ширкатдоштаро даъват намуд, ки  фикру  мулоҳизаҳояшонро  баён  намоянд.  Ҳамчунин  аҳамияти ҳуҷҷати хотимавии ҳамоиши СҲШ  дар  шаҳри  Душанбе, ки онро  сарони  давлатҳои  узви Созмон  имзо  намудаанд  таъкид  гардид.
Ёддошти  намунавӣ  дар  бораи  ӯҳдадориҳои  давлати дархосткунанда  ба  манзури пайдо  намудани  мақоми  давлати узви СҲШ ва Тартиби  додани  мақоми  давлати узви  СҲШ  аз  ҷумлаи ҳуҷҷатҳое  маҳсуб  меёбанд, ки  аз рӯи натиҷаи  ҷаласаи Шӯрои  сарони  давлатҳои  узви  СҲШ  дар  шаҳри  Душанбе  қабул  шудаанд.  Анҷоми  муваффақонаи  раванди  даҳсолаи  гуфтушунид  барои  мутобиқ  намудани  лоиҳаи Созишномаи байни  ҳукуматҳои  давлатҳои  узви  СҲШ ҷиҳати   фароҳам овардани  шароити  мусоид  барои боркашонии байналмилалии  автомобилӣ натиҷаи  муҳими  раёсати  Тоҷикистон  дар  СҲШ  буд.
Парвиз  Давлатзода  дар  хотимаи  мизи  мудаввар  изҳор  дошт, ки  раёсати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  СҲШ  ба  таҳкими  дӯстии  миёни халқҳои давлатҳои  аъзо  ва  ҳамкорӣ  дар бахши  ҳамаи масоили   рӯзномаи  Созмон мусоидат  намуд. 
Дар   ҷараёни  кори  мизи  мудаввар  намояндагони  вазорату  идораҳои  ҷумҳурӣ   ҳамтоёнашонро  аз  кори  анҷомёфта  ва натоиҷи  судманд  дар  давраи  раёсати  Тоҷикистон  дар  СҲШ  воқиф  намуданд.
Намояндагони  сафоратҳо  аҳамияти  мақоми  Тоҷикистон  дар  СҲШ – ро  зикр  карда,   натиҷаи раёсати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  созмони  мазкурро  ба дараҷаи баланд  арзёбӣ  намуданд.

Сентябрь 25, 2014 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд