Навсозии пули Бунай дар Ванҷ

Сентябрь 4, 2014 09:22

     Ванҷ 4.09.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Наздики ду моҳ аст, ки пули мошингузари деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ хароб гардида, ҳаракати нақлиётро дар деҳоти болоии ин ноҳия ғайриимкон гардонидааст.
     Ин пул дар аввали солҳои 70- ум  сохта шуда, бештари масолеҳи он аз чӯбу тахта мебошад. Дар давоми бештар аз 40 сол бар асари боду борон ва ба иллати солҳои тӯлонӣ аз таъмир дар канор мондан, комилан аз истифода баромад. Сабаби дигари вайрон гаштани пул аз болояш гузаштани мошинҳои гаронвазн мебошад, зеро иқтидори  аксарияти пулҳои сохти шӯравӣ камтар аз 15 тонна пешбинӣ шудааст.  Аммо ҳоло аз болои ин пул мошинҳои вазнашон то 60 тонна убур мекунанд.
     Барои таъмир намудани он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии дастгохи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   650 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва қарор аст онро пурра таъмин намуда ба талабот ҷавобгӯ намоянд.
   Навсозии пули мазкур то охири моҳи сентябр дар назар дошта шудааст.
 
 
 
 

Сентябрь 4, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад