Нишаст дар Вазорати кишоварзӣ

Сентябрь 22, 2014 15:13

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-  Пагоҳ, 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ  бо иштироки масъулини соҳа дар мавзӯи «Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2014-2015 ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ» нишаст доир мегардад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, дар мизи гирд сардорони раёсатҳои вазорат, мутахассисони масъули соҳа иштирок намуда, мавзӯи зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа вазъияти норасоии маҳсулоти мевагиву сабзавотро дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мавриди омӯзиш қарор дода,  лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти тозаи кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019»-ро таҳия намудаанд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор (вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот») ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Гуфта мешавад, ки нишасти мазкур соати 10:00 оғоз мегардад.

Сентябрь 22, 2014 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад