Омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ҷаласаи ғайринавбатии Президиуми Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа оид ба натиҷаи омодасозии мутахассисон барои Артиши миллӣ таъкид шуд, ки ҳамасола нақшаи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро раёсати ташкилӣ — сафарбаркунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа тасдиқ мекунад. Дар ҷаласа афсарони масъули ташкилот роҷеъ ба мавзўъҳои вобаста ба тайёр намудани мутахассисон барои адои хизмати ҳарбӣ ибрози назар намуданд.
Раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Гулмадов гуфт, ки сифати омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти артиш боз ҳам боло бардошта шуда, номгўи ихтисосҳо аз рўи зарурат ва сафарбарии воқеӣ ба хизмати ҳарбӣ муайян гарданд, зеро дар самти тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии тобеи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа баланд бардоштани сифати таълим мавзўи асосӣ ва ҳалкунанда аст.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти ТҶММ иттилоъ доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






