Озмуни «Рӯдакихонӣ» дар Суғд

Сентябрь 15, 2014 15:23

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бахшида ба 20 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 22 — уми сентябри соли равон озмуни вилоятии «Рӯдакихонӣ» баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти  раиси вилояти Суғд хабар додааст, озмун бо мақсади арҷ гузоштан ба қимати ашъори ноби падари шеъри форсӣ — тоҷикӣ — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мешавад.
Озмун дар як давр гузаронида шуда, дар он ҷавонону наврасони аз 10 то 30- сола метавонанд иштирок намоянд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаи Раёсати фарҳанги вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

Сентябрь 15, 2014 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад