Пленуми VI -уми ДОСААФ — и ИДМ

Сентябрь 23, 2014 14:44

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷаласаи Пленуми шашуми созмонҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 23 — юми сентябр дар шаҳри Қайроқум доир гардид. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро Раиси кумита генерал — майори гвардия Музаффар Гулмадов, ки ҳамзамон муовини раиси Шўрои Марказии ДОСААФ — и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад, ифтитоҳ намуд.
Номбурда зикр намуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва иттиҳод бо дигар кишварҳое, ки ҳадафу манфиати муштарак доранд,  метавон дар мубориза бо  таҳдид ва хатарҳои замони муосир муваффақ буд.  Дар ҳамин асос  пойдор нигоҳ доштани низомҳои аллакай амалкунандаи амнияти дастаҷамъӣ  муҳимияти калон доранд. Аз  ин ҷост, ки ба рушди ҳамкорӣ  байни созмонҳои мудофиавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил диққати махсус дода мешавад.
Раиси  Шўрои марказии ДОСААФ — и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал — полковник  Сергей Маев  таъкид намуд, ки ҷамъиятҳои мудофиавии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазифаҳои муштаракро ба маврид иҷро мекунанд.  Миёни онҳо — тарбияи ҳарбӣ — ватандўстии шаҳрвандон, тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ,  соҳибихтисосони тахассусҳои оммавӣ — техникӣ, рушди намудҳои варзиши авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ амалӣ, эҷоди техникии ҷавонон авлавият доранд. 
Фаъолияти созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши варзиш низ рӯ ба пешрафт аст.  26 намуди варзиши авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ — амалиро ҷамъбандӣ ва ҳамоҳанг карда, ҷамъиятҳои мудофиавӣ дар  мустаҳкам шудани эътибори байналмилалии кишварҳо  саҳм мегиранд. 
Мусоидат дар  татбиқи барномаҳои мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, амнияти ҳаркат дар роҳ,  рафъ намудани оқибатҳои садама, офатҳои табиӣ, дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва таъмини шуғли аҳолиро иштирокдорони ҷаласа  муҳим шумориданд. 
Шўрои марказии созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нақша дорад, ки ба ҳамоҳангии тайёрӣ ва таъмини ширкати дастаҳои мунтахаби варзиши авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ — оммавӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. 
Имрўз дар сафҳои худ  Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз  9 миллион нафарро муттаҳид мекунад. Ҳоли ҳозир ҳамкории ҷамъиятҳои мудофиавӣ дар чаҳорчўбаи Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ фаъол гардидааст.  Бо назардошти наздик омадани 70-солагии  ғалаба  дар  Ҷанги Бузурги  Ватанӣ қарор  шуд,  ки ба ин  муносибат барномаи  чорабиниҳои муштарак таҳия ва мувофиқа   шавад.
Ҳамбастагии созмонҳои мудофиавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил инъикосгари анъанаҳои таърихии дўстона аст, ки миёни кишварҳои мо побарҷост. 

Сентябрь 23, 2014 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд