«Пойтахт-90» дарҳои худро ба муштариён боз менамояд

Сентябрь 4, 2014 16:21

   Душанбе, 4.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маҷмааи  савдои «Пойтахт-90», ки бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ дар  маркази Душанбе сохта шудааст, 5 сентябр дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Интизор меравад, ки дар расми ифтитоҳи ин маҷмааи савдои замонавӣ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе ширкат намоянд.
         Маҷмааи савдои муосир дар кӯчаи «Меҳнат»-и ноҳияи  Исмоили Сомонии Душанбе дар масоҳати  беш аз 17 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна ва фурӯшгоҳи тобистона бо масоҳати 2500 метри мураббаъ иборат аст.
        Маҷмааи савдои замонавӣ, ки ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе номи рамзии «Пойтахт-90»-ро гирифтааст,  дар асоси фармоиши шаҳрдории Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Строй-комплекас» дар зарфи ду сол сохта шудааст. Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» дорои тамоми шароитҳои мусоиди замонавӣ буда, дар мавриди ба истифода додани он 900 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад, ки ин раванд ба беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат  менамояд.
 

Сентябрь 4, 2014 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад