Раванди бунёдкорӣ дар Раштонзамин

Сентябрь 1, 2014 15:58

 Душанбе, 1.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми варзишгоҳи марказии ноҳия, толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт аз ҳамин қабиланд. Ҳамзамон   сохтмони бинои мактаб барои кӯдакони лаёқатманд дар маҳаллаи Дашти Рашт, бунёди бинои таълимии Омӯзишгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Э. Муҳиддинов, корҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати низоми Осорхона дар маркази шаҳраки Ғарм, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия, сохтмони маркази ташхисии минтақавии Рашт, сохтмони корхонаи истеҳсоли орд дар маҳаллаи Сомониён босуръат ҷараён дорад. Корҳои барқарорсозии системаи гармидиҳии Маркази саломатии ноҳиявӣ, сохтмони бинои китобхона дар деҳаҳои Вардуч, Ҳисорак, Қалъанак, Зарангак, Зарифӣ, Парвоғ, Ваҳдат, Шоле, Хоҷаалӣ ва боз сохтмони даҳҳо иншооти дигари дорои таъйиноти гуногун дар марҳилаи анҷомёбист.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони бархе аз иншоотҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта, инчунин саҳми соҳибкорони ноҳия низ дар бунёди дигар иншоотҳо назаррас аст. Қисме аз иншоотҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва бархеаш дар марҳилаҳои баъдӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.  
        Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба АМИТ « Ховар» иттилоъ доданд, ки сокинони ноҳияи Рашт ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо меҳнати софдилона ва содиқона барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва дар  амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бахшҳои мухталиф, хусусан созандагиву бунёдкорӣ саъю талош менамоянд.

Сентябрь 1, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад