С. Аслов ҳайати бонуфузи Қатарро ба ҳузур пазируфт

Сентябрь 19, 2014 11:29

Душанбе, 19.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  ҳайати баландпояи Давлати Қатарро, ки таҳти роҳбарии  раиси Шӯрои директорони холдинги “Издон”  шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. 
         Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қатар, имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суғуртаи исломӣ, тандурустӣ ва бунёди фондҳои хайриявӣ матраҳ гардиданд. Ҳайати қатарӣ зимни мулоқот изҳори омодагӣ намуд, то дар татбиқи лоиҳаҳои кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад. 

Сентябрь 19, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад