Сабқати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ

Сентябрь 26, 2014 12:20

Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар ҳашт намуд ширкат карданд, вале медал ба даст наоварданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – имкони ба даст овардани медалҳои биринҷиро аз даст доданд ва дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд. 
Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23), ки  дар сабқати гурӯҳи «С” бо 6 имтиёз дувум шуд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр ғолиби гурӯҳи «D» — мунтахаби Ироқ — мебошад. Ин бозӣ имрӯз дар варзишгоҳи футболи «Инчон»-и шаҳри Инчон шурӯъ мешавад.  
Дар сабқати тирпарронӣ барои аввалин бор дар Бозиҳои осиёӣ тими мунтахаби Тоҷикистон бо теъдоди зиёд — 11 варзишгар (6 марду 5 зан) — ширкат кард. Ба ҳайати дастаи мардона ва ҳам дастаи занона, аслан, варзишгарони ҷавони синнашон 14-18 — сола шомиланд. Натиҷаи нисбатан беҳтарро дар байни тирандозони тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ Малика Лагутенко нишон дод. Вай дар тирандозӣ аз милтиқ ба масофаи 10 метр бо 405,5 хол дар байни 54 нафар ширкаткунандагони мусобиқот ҷойи 40-умро гирифт.
Коршиносони соҳа аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс (Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ), варзиши сабук (гурзандоз Дилшод Назаров), гуштии озод (Искандари Рустам, Залимхон Юсупов, Николай Ноев), гуштии юнониву румӣ  (Муродҷон Тӯйчиев) ва таэквон-до WTF (Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Моҳрӯ Ҳалимова) натиҷаҳои баланд, медалҳоро чашм доранд. 
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад. 
 
 
 
 

Сентябрь 26, 2014 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад