Сафари гурӯҳи корӣ ба ВМКБ
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки аз 17-уми сентябри соли равон барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Бадахшон қарор дорад, бо мардуми як қатор навоҳии ин минтақа суҳбату мулоқотҳо анҷом дод.
Вохӯриҳо асосан дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, инчунин дар ҷамоату мактабҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва бо фаъолони ин минтақа ҷиҳати огоҳ намудани мардум доир аз навовариҳо дар қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Русия сурат гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ, гирифтани сертификат, донистани забони русū, таърих ва фарҳанги Русия, тафтиши шиносномаҳо аз тариқи сомонаи интернетии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда ба сокинон фаҳмонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода аз 2 сентябри соли 2014 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, мулоқоту вохўриҳо дар ин самт фаъолона идома доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки сафари хизматии гурӯҳи корӣ ба ВМКБ то 26 сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






