Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Афғонистон
Душанбе, 29.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Субҳи имрӯз, 29- сентябр ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ Аҳмадзай вориди Кобул гардид.
Дар сафар ба Афғонистон Шукурҷон Зуҳуровро Асозода Хайрулло -вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, Зоҳидӣ Низомиддин-муовини вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Отифмал Атикулло, волии вилояти Кобул Ҷаббори Тақво ва раиси шаҳри Кобул Муҳаммадюнуси Навандиш истиқбол намуданд.
Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ Аҳмадзай ширкат намуда, инчунин бо Абдулло Абдулло -раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳомид Карзай, собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот менамоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






