Сарқонун баробарҳуқуқии инсонҳоро кафолат медиҳад

Сентябрь 25, 2014 16:53

Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   бозомӯзии кормандони соҳа роҳандозӣ гардидааст.  
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар бозомӯзии навбатӣ   сармутахассиси бахши ҳуқуқии ин ниҳод Пирназар Мискинов дар мавзӯи «Аҳамияти таърихии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафту тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ» сухан гуфт. 
П. Мискинов аҳамияти Сарқонунро ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи он қабул мешаванд, пешниҳоди ҳозирин намуд. 
Зикр гардид, ки имсол Тоҷикистони соҳибистиқлол 20-умин солгарди рӯзи қабули ин санади муҳим ва сарнавиштӣ, ки баробарҳуқуқии инсонҳоро дар қаламрави кишвар новобаста аз нажод, дин, мазҳаб, ҳизбҳои сиёсӣ кафолат медиҳад, таҷлил менамояд ва тамоми тараққиёту таҳаввулоти соҳаҳои хоҷагии халқ дар партави Сарқонун амалӣ   мешавад. 
Дар бозомӯзӣ тамоми кормандони раёсату шуъба ва бахшҳои кумита иштирок намуданд.
 
 

Сентябрь 25, 2014 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад