Шаҳрдорӣ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа кумак расонд

Сентябрь 10, 2014 11:15

Душанбе, 10.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 23 -юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ /ҶБВ/ ва дигар табақаҳои ниёзманди пойтахт, ки 6 ҳазору 276 нафарро ташкил медиҳад, ба маблағи умумии 4 миллиону 973 ҳазору 800 сомонӣ кумаки якдафъинаи пулӣ расонд.
Аз ҷумла, ба 106 нафар маъюб ва иштирокчии ҶБВ-и солҳои 1941-1945, панҷ нафар  ҳамсари ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ва 3683 нафар корманди раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳр 900 сомонӣ кумаки якдафъаина расонида шуд.
   Инчунин ба 326 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 3 нафари дар  муҳосираи Ленинград буда ва 1262 нафар оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунанд, ба ҳар кадом ба андозаи 700 сомонӣ  кӯмак ироа гардид. Ҳамзамон ба 70 нафар шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, 253 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 112 нафар маъюби амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 74 нафар маъюби рафъи садамаи Чернобил ва 280 нафар корманди сохторҳои сабзазоркунӣ ба андозаи 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. 

Сентябрь 10, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад