Сохтмони роҳ бо ҳузури М. Алимардон ва А. Маталиев

Сентябрь 6, 2014 10:37

Душанбе, 6.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Нақшаи чорсӯи роҳи мошингарди Исфара — Ворух ва нақшаи роҳи мошингарди Кӯктош — Оқсой — Тамдиқ — Кишемиш мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи мошингард аз 31 марти соли 2014, ҳодисаи сарҳадӣ, ки 25 август дар мавзеи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод, инчунин фаъолгардонии ҷараёни делимитсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни ин кишварҳо зимни ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 26 — 27 августи соли 2014 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар ин бора дар сомонаи расмии Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, сохтмон ва маблағгузории ин роҳҳо ба мансубияти ин ё он тараф хизмат накарда, дар ҷараёни гуфтушунидҳои делимитсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатӣ амалӣ мегардад. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои сохтмони роҳи мошингард шароити мусоид ба вуҷуд оварда мешавад.Ҳамзамон дар робита ба задухӯрди шоми 25 август, ки дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух дод, ҷонибҳо барои ташкили комиссияҳои якҷоя оид ба таҳқиқи холисонаи ҳодисаҳои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рухдода ба мувофиқа омаданд.Санаи 4 сентябр Муродалӣ Алимардон-муовини Сарвазири Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маталиев дар ҳузури ҳайатҳои кумиссияи байниҳукуматӣ ба сохтмони роҳҳо ҳусни оғоз бахшиданд.

Сентябрь 6, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад