Сохтмону навсозии 25 иншоот дар Кӯлоб

Сентябрь 17, 2014 16:00

Кӯлоб, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар минтақаи Кӯлоб  бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Хатлон  сохтмону навсозии  25  иншооти  таъйиноти  гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои масъулин сохтмони 8 иншоот аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бо маблағи 5 млн. 800 ҳазор сомонӣ, 17 иншооти дигар  бо маблағгузории буҷети  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бо маблағи 6 млн. 500 сомонӣ идома дорад. 
Дар ин давра   муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда дар деҳаи Офтоблиқо, муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 хонанда дар деҳаи Сангпари  ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мактаб  барои 320 хонанда  дар деҳаи Зулмободи ноҳияи Шӯрообод, варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷои нишаст дар ноҳияи Ховалинг, хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Восеъ  ва дигар иншоот  мавриди истифода қарор гирифтанд. 

Сентябрь 17, 2014 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд