Суғд: истихроҷи ангишт дар Шӯроб 20% афзуд
Хуҷанд, 4.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд истихроҷи ангишт меафзояд. Тавре ки ба “АМИТ Ховар” аз маъмурияти коргоҳи ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара иттилоъ доданд, ангиштканони коргоҳи мазкур иҷрову муқаррароти нақшаи ҳафтмоҳаи соли ҷориро барзиёд таъмин намуда, ба миқдори 27 ҳазору 474 тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5 849 тонна ва аз муқаррароти нақшавӣ 4 514 тонна, яъне 19,7 % зиёд аст. Инчунин дар ин давра дар 1559 метри тӯлонӣ корҳои роҳкушоиву нақбканӣ анҷом дода шудаанд, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 219 метр бештар мебошад.
Дар маҷмӯъ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ангиштканони Суғд 306,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карданд.
Алъон дар миқёси Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Аз ин шумора коргоҳҳои “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб мешаванд.
Бояд гуфт, ки барои омодагии аҳолӣ ба фасли тирамоҳу зимистон дар миқёси вилоят то кунун зиёда аз 1000 нуқтаи фурӯши ангишт ва нуқтаи гази моеъ ташкил шудааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






