Тағйиротро чӣ тавр бояд идора кард?

Сентябрь 22, 2014 13:23

 
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Назар ба хабари Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде пеш дар шаҳри Кишинёв семинар дар мавзӯи «Сифати омор : тағйиротро чӣ тавр бояд идора кард?» баргузор гардид.
Дар кори семинар қариб 60 нафар намояндагони кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.
Дар ҷараёни семинар масоили дастовардҳои охирин дар  Аврупо, даври нави санҷиши арзёбии холисона дар давлатҳои аъзо, таҷдиди назари қонунгузории Евростат ва стратегияи таъмини Иттиҳоди Аврупо бо сохторҳои доимӣ барои идораи сифати маълумоти оморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 Намояндагони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон перомуни дастовардҳои нав дар амри идораи сифатаи маълумоти омории кишварҳояшон гузориш доданд.
Дар семинар ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории омории байни Евростат ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
 
 

Тарҷумон, М. Шарифзода.

 

Сентябрь 22, 2014 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад