Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ

Сентябрь 23, 2014 11:51

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс, қофиласолори назм Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид.
Манзура Сайдуллоева-ноиби ректор изҳор дошт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси раёсати донишкада дар ҳамдастӣ бо китобхонаи марказии шаҳр ташкил шуда, ҳамасола дар ҳамин айём Рӯзи устод Рӯдакӣ мутантан таҷлил мешавад.
Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Маликушшуаро сарвари китобхонаи марказии шаҳр — Гулноза Убайдуллоева  ва устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон — Майсара Аминҷонова маърӯза намуданд.
Зикр гардид, ки осори Рӯдакӣ бо мазмуну маънои воло ва ғояи башардӯстона аҳли оламро ба сулҳу дӯстӣ, адолат, озодандешӣ ва ҳамбастагӣ даъват намуда, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам хизмат менамояд. Шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастӣ мавқеи баландро дорост.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ашъори устод Рӯдакӣ васлгари насли дирӯз, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои ахлоқиву фалсафӣ ва илмиву фарҳангӣ сафои рӯзгори насли башар аст.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён ва санъаткорони шаҳр аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъру ғазал ва порчаҳои назмӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуданд.
 
 

Сентябрь 23, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад