Таҷлили Рӯзи сулҳ дар Новосибирск

Сентябрь 29, 2014 12:22

 
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). –  Ҳафтаи  гузашта  намояндагони  ҷамоаи тоҷикон дар  Новосибирск  дар маросими таҷлили  Рӯзи  байналмилалии  сулҳ  дар  шаҳри  Новосибирски Федератсияи  Русия  иштирок  намуданд. 
Ин  чорабинӣ, ки дар  он  намояндагони  халқу   миллатҳои  мухталифи  минтақа   ширкат  доштанд,  таҳти  шиори «Ҳуқуқи  халқҳо  барои  сулҳу  осоиш» роҳандозӣ  шуд.
Назар б а  хабари намояндагии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират,  дар  анҷоми  ид  маросими шодоб намудани дарахти  рамзии  дӯстӣ  баргузор  гардид.  Намояндагони  миллатҳои  мухталиф, ки  дар  бар  либоси  миллӣ  карда буданд, ба  нишони  таҳкими  дӯстии  миёни  халқҳо  ба  пояи  дарахти  дӯстӣ аз  кӯзаҳо  об рехтанд.
Ёдовар  мешавем, ки  Рӯзи  сулҳ  иди  расмии Созмони Милали  Муттаҳид  ба  манзури  дастгирии  муносибатҳои  сулҳомези  байни  мардум  ва  кишвару  қитъаҳо  маҳсуб  меёбад. 

 

Сентябрь 29, 2014 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад