Таъмини 90 нафар бо ҷои кор

Сентябрь 17, 2014 16:01

Кӯлоб, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб соҳаи саноат батадриҷ рушд намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 68 млн. 400 ҳазор сомонӣ  баробар шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 4,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра, рушди соҳаи саноат ба  107 % баробар гардид. 
Бо дастгирии  мақомоти иҷроия  ва  дар ҳамкорӣ бо бахши  хусусӣ  4 корхонаи саноатӣ ва 10 коргоҳи хурди истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки 90 нафар ба ҷои кори доимӣ ҷалб гардид.
Дар айни замон аксар корхонаҳои саноатии шаҳр бо иқтидори пурра кор карда,  ашиёи  хоми саноатии  ватаниро  коркард менамоянд. 
Мавриди зикр аст, ки сол то сол шумораи корхона ва коргоҳҳои  истеҳсолӣ дар миқёси шаҳру деҳоти Кӯлоб  зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ меафзояд.   
 
 

Сентябрь 17, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад