Таъсиси Маркази ғафуровшиносӣ дар Хуҷанд

Сентябрь 25, 2014 14:38

Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ошёнаи сеюми осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров Маркази ғафуровшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад. Бо ин мақсад аз хазинаи донишгоҳ беш аз 11 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Тавре ки муовини ректори донишгоҳ оид ба илм профессор Матлуба Хоҷаева афзуд, бо иқдоми Раёсати донишгоҳ  ошёнаи сеюми осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров пурра навсозӣ мешавад ва аллакай тарҳи корҳо пешниҳод шуда, он мавриди омӯзиши мутахассисон қарор дорад. Дар ин толор дар баробари муаррифии Бобоҷон Ғафуров, маҳсули эҷоди олимон дар бораи ин алломаи Машриқзамин,  ҳамзамон Маркази ғафуровшиносии назди Институти  тадқиқотии ҷомеашиносии донишгоҳ фаъолият хоҳад бурд.
Матлуба Хоҷаева гуфт, ки ҳадаф аз ташкили Маркази ғафуровшиносӣ боз ҳам амиқ омӯхтани нақш, эътибор ва фаъолияти назарраси академик Бобоҷон Ғафуров дар рушду ташаккули таърихи фарҳанг ва сиёсии халқи тоҷик мебошад, ки аз тарафи олимони донишгоҳ ба роҳ монда мешавад. Олимону  устодони донишгоҳ чанд намунаи китобҳои  тозанашри худро ба осорхона супорида, ба гӯшаи нави он асос гузоштанд. 

Сентябрь 25, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад