Вақти таҷлили 90 – солагии пойтахт тағйир ёфт

Сентябрь 24, 2014 14:52

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). – Таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахти  Тоҷикистон  на 29 – 31  октябр, балки   18 —  19  октябр  баргузор  мешавад. 
Дар  ҷараёни машварати  навбатии  корӣ дар ҳузури  раиси  шаҳри  Душанбе  Маҳмадсаид  Убайдуллоев, ки  чанде  пеш  баргузор  гардид, дар  ин бора тасмим  гирифта  шуд. 
Мувофиқи  хабари  сомонаи  расмии  раёсати  шаҳри  Душанбе,  18  октябр  дар «Кохи  Ваҳдат» ҷаласаи ботантана  ва  консерти устодони  санъат  баргузор  гардида,  дар  нимаи  дуюми ҳамон  рӯз  дар  боғҳои  фарҳангу  истироҳати  шаҳр  сайругашти оммавии  шаҳрвандон  ва  меҳмонони  пойтахт  сурат  мегирад.
Рӯзи  якшанбеи  19 октябр дар «Наврузгоҳ» — и пойтахт карнавали  идона баргузор  мешавад.
Ҳамчунин  тасмим  гирифта шудааст, ки ба  ифтихори ҷашнвораи  пойтахт рӯзҳои  шанбе  барои  поккории ҳавлии  биноҳои  истиқоматӣ ва  маҳаллаҳои  пойтахт бо  ҷалби  сокинони  пойтахт  шанбегиҳои оммавӣ  роҳандозӣ  шаванд.
Дар  ҷаласа  ҳамчунин   масоили   марбут ба  вазъи  санитарию  эпидемиологии   шаҳр, таъмини  аҳолӣ бо  оби  нӯшиданӣ,  фаъолияти  нақлиёти  ҷамъиятӣ,  аз байн  бурдани  сагони  дайду, коҳиш  додани дарбадарию талбандагӣ,  ҳамчунин  омодагии  пойтахт ба  фасли  зимистон баррасӣ  шуданд.

Сентябрь 24, 2014 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд