Вазирони туризми ИДМ дар соҳили Нева ҷамъ меоянд
Душанбе, 26.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷаласаи вазирони туризми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 9-10 октябри соли равон дар шаҳри соҳили Неваи Русия-Санкт-Петербург баргузор мегардад.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам намояндагӣ менамояд.
Руслан Шодиков-муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласа масоили марбут ба густариши ҳамкории кишварҳои ИДМ дар бахши туризм матраҳ мегарданд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласа-вазирони туризми кишварҳои ИДМ масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои туристӣ, таъмини муассисаҳои бахши туризм бо мутахассисони баландтаҷриба ва бозомӯзии онҳо, инчунин ташкили хатсайрҳои нави туристӣ, ҷалби коршиносони бахши туризм ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки вазирони туризми ИДМ ҳамзамон дар ҷаласа ҷараёни татбиқ ва амалисозии созишномаҳои қаблан ба имзо ва тасвибрасидаро дар бахши туризм дар миқёси кишварҳои ИДМ муҳокима хоҳанд кард.9.28.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






