ВКД: 389 нафар- сазовори мукофотҳои давлатӣ

Сентябрь 4, 2014 15:08

Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана доир гардид. Дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он иштирок намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ҷаласаро вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода ифтитоҳ бахшида, аз дастовардҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли 23 соли истиқлолият ёдовар гардид.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки: «Боиси хушнудию сарфарозист, ки мо имрӯз ҷашни муқаддас ва таърихии миллати тоҷик — Истиқлолияти кишварро дар фазои сулҳу осоиш, суботу оромӣ ва дӯстию рафоқат ботантана таҷлил менамоем.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар зарфи ин солҳо баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таҳкими сохти конститутсионӣ нақши муассир ва арзанда гузоштаанд.
Имрӯз низ бо хизмати содиқонаю софдилона кормандони Вазорати корҳои дохилӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд».
Сипас котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қаҳҳоров аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ кормандони милитсия мукофотҳои давлатиро супорид. 
Манбаъ хабар медиҳад, ки 389 нафар кормандони мақомот  аз саросари ҷумхурӣ бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун, аз ҷумла бо ордени «Спитамен» дараҷаи II, бо медалҳои «Ҷасорат», «Хизмати шоиста» «Ифтихорномаи фахрӣ»- и ВКД ҶТ, бо нишони сарисинагии «Корманди фахрӣ»-и ВКД  ҶТ ва туҳфаи арзишноки «Соати дастӣ» аз номи вазири корҳои дохилии ҶТ сарфароз гардиданд.
 

Сентябрь 4, 2014 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад