Вохӯрӣ бо соҳибкорони Хатлон

Сентябрь 20, 2014 10:53

Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳайати иқтисодии иборат аз мутахассисони бахшҳои рушди иқтисод, гумрук, низоми андозбандӣ, соҳибкорӣ, бонкдорӣ ва роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади тақвият бахшидани бахши соҳибкорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо соҳибкорони вилояти Хатлон вохӯрд. 
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ҳарчанд солҳои охир соҳибкорӣ дар  вилоят дар ҳоли рушд аст, мушкилиҳои ҷиддие мавҷуданд, ки ба вусъати бештари он монеъ мешаванд. Таъкид гардид, ки рафъи монеаҳои сунъии маъмурӣ, низоми номақбули ниёзмандии доимии соҳибкорон ба амалдорон, ворид намудани тағйирот ба қонунгузории кишвар оид ба дастгирии давлатии бахши соҳибкорӣ ба рушди соҳа мусоидат мекунанд.  
Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилоят соҳибкоронро даъват намуд, ки бо такя ба қонунҳои кишвар ба рафъи мушкилот ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас камар банданд.

Сентябрь 20, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад