Вохӯрӣ дар арафаи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ

Сентябрь 22, 2014 11:39

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи равон дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо иштироки комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини вобаста ба комиссияҳои даъватии пойтахт ва тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ин гарнизон доир шуд.
Дар  кори ҷаласа санҷишҳои гузаронидаи масъулини мақомоти прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе таҳлилу баррасӣ гардида, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр  шуд, ки сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо вобаста ба иҷрои қонуни мазкур ба беҳтар гардидани сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба сатҳи пешгирӣ аз содиршавии қонунвайронкуниҳо мусоидат намудааст.
Бино ба иттилои  маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, зимни муҳокимаи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз масъулини вобастаи даъват қатъӣ талаб карда шуд, ки ба масоили сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, интихоби ҷавонони болаёқат ва ба самти фаъолияти ҳамаҷонибаи комиссияҳои давлатӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Сентябрь 22, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад