Вохӯрии Ш. Зуҳуров бо сокинони водии Рашт

Сентябрь 18, 2014 11:11

  Душанбе, 18.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафараш ба шарқи Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатол  силсилаи мулоқотҳо анҷом дод.
     Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон доир ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳое, ки аз ҷониби вакилони Парлумон қабул  мешаванд, инчунин  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар ва соири масоили марбут ба раванди ободонию созандагӣ дар мамлакат суҳбат кард.
           Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба навоҳии минтақаи Рашт то 24 сентябр идома ёфта, дар ин муддат раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон бо сокинони ноҳияҳои Тавилдара ва Нуробод низ мулоқот хоҳад кард. 
 

Сентябрь 18, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад